6 сокини ВМКБ наметавонад ба Русия равад
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҷиҳати огоҳ намудани шаҳрвандоне, ки пас аз бозгашт дубора ба Федератсияи Русия сафар кардан мехоҳанд, корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ мебарад.
Бо истифода аз маълумоти электронии Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия, кормандони Раёсат дар давоми ду ҳафта 78 нафар муроҷиаткунандаро барои муайян сохтани ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Русия санҷиданд.
Зимни ин санҷишҳо маълум гардид, ки 6 нафар барои вайрон намудани қонунгузории Федератсияи Русия ба муддати се сол ҳуқуқи ба ин кишвар ворид шуданро надорад.
Бо ҷорӣ шудани чунин низоми кор, ҳар рӯз ба ин раёсат аз 10 то 15 нафар шаҳрванд тавассути телефон ё ба таври шифоҳӣ барои пайдо намудани маълумот пеш аз сафар муроҷиат менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






