А.Қодирӣ узви МММО интихоб шуд
Хуҷанд, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Додобоев).- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Рӯзи шанбеи гузаштаи 15 феврал ҷаласаи муштараки намояндагони мақомоти вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии Суғд баргузор гардида, дар он аз ҷумлаи 698 нафар интихобкунандагон 639 нафари онҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи «Интихоби узви нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили аз ҳавзаи интихоботии Суғд № 2 хориҷшуда» баррасӣ шуд.
Аз ҷумлаи 639 нафар интихобкунандагон 629 нафари онҳо ба ҷонибдории роҳбари ҳозираи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ овоз доданд. Мувофиқи ин дар асоси моддаи 51 қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» Абдураҳмон Қодирӣ узви интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд № 2 дониста шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






