А. Қурбонов: «Гардиши савдои хориҷӣ ба $5,3 млрд. баробар гардид»

Февраль 3, 2014 11:09

 
Душанбе, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар давоми соли 2013 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 5,3 млрд. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012-ум 147,1 млн. доллари ИМА ё 2,9 фоиз зиёд аст», — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ 3 феврал вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбонов.
Ба иттилои ӯ дар ин давра нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбат арзёбӣ гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  бо афзоиши ҳақиқии 7,4 фоиз ба 40 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли муқоисавӣ 4,4 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. 
«Дар натиҷаи таъмини идораи самараноки молияи давлатӣ ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 100 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 11,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2012-ум 1,9 млрд. сомонӣ зиёд аст», — илова намуд А. Қурбонов. 
 
 
 

Февраль 3, 2014 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад