А. Қурбонов: «Гардиши савдои хориҷӣ ба $5,3 млрд. баробар гардид»
Душанбе, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар давоми соли 2013 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 5,3 млрд. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012-ум 147,1 млн. доллари ИМА ё 2,9 фоиз зиёд аст», — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ 3 феврал вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбонов.
Ба иттилои ӯ дар ин давра нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбат арзёбӣ гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо афзоиши ҳақиқии 7,4 фоиз ба 40 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли муқоисавӣ 4,4 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
«Дар натиҷаи таъмини идораи самараноки молияи давлатӣ ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 100 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 11,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2012-ум 1,9 млрд. сомонӣ зиёд аст», — илова намуд А. Қурбонов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






