А.Лоринҷонӣ: Тоҷикистон шарики асосии Эрон дар ОМ
Душанбе, 17.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон доктор Алии Лоринҷонӣ зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро яке аз шарикони асосии иқтисодии кишвараш дар Осиёи Марказӣ унвон намуда, гуфтааст, ки Эрон хостори тавсеаи ҳарчи бештари муносибот бо Тоҷикистон дар арсаҳои мухталиф аст.
Мулоқоти раисони парлумонҳои Тоҷикистону Эрон, ки имрӯз дар Теҳрон баргузор гардид, фарогири масоили марбут ба тақвияти равобити байнипарлумонӣ ва соири масъалаҳои таваҷҷуҳи назар буд. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Эрон гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият дошта, мо имкон дорем, ки дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарлумунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкории судманд дошта бошем.
Парлумони Тоҷикистон барои тавсеаи равобити ҳасана миёни Тоҷикистону Эрон саҳми худро гузошта, талош дорад, ки тамоми асосҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад, иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров. Мавсуф афзуд, ки то имрӯз дар ин самт санадҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки равобити муштаракулманофеи ду давлатро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ба танзим медароранд.
Мо,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- итминони комил дорем, ки бо ҷаҳду талошҳои роҳбари давлати Тоҷикистон ва дастгирии шумо равобити самарабахши ду кишвар тадриҷан ба омили муҳимтарини ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат менамоянд. Зикр шуд, ки ҳанӯз дар равобити ду кишвар имконоти истифоданашуда вуҷуд доранд ва бояд ин зарфиятҳо ба таври зарурӣ истифода гарданд, то барои тавсеаи ҳар чӣ бештари ду кишвар дар бахшҳои мухталиф мусоидат намоянд.
Алии Лорниҷонӣ -раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавӣ, назири Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони Конфронси Исломӣ (ОИК) ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, равобити парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи Душанбеву Теҳрон арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки истифодаи таҷрибаи якдигар, дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ барои парлумонҳои ҳарду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим аст.








22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






