А. Турсунов: «Ободонӣ – вазифаи асосии мост»
Душанбе, 06.02. 2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Ҳамасола таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати ободу зебо гардонидани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр бештар мегардад. Ин раванд аз масъулиятшиносию чашмикордонии масъулини соҳаҳои мухталифи он шаҳодат медиҳад. Аз симои имрӯзаи шаҳри Панҷакент аён мегардад, ки ин шаҳр солҳои охир ободу зеботар мегардад. Дар ободу зебо гардидани шаҳри бостонӣ, дар воқеъ, бештар аз ҳама саҳми умури хоҷагии манзилию коммуналии ин ҷо шоистаи зикр аст. Соли сипаригардида умури мазкур чӣ корҳоеро ба ҷо овард?… Ба ин суоли мо сардори идораи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Панҷакент Аброр Турсунов ин тавр посух дод: -Хоҷагии мо дар ҳақиқат аз рӯи имкониятҳои дар ихтиёр доштааш фаъолият намуда, тавонист , ки баъзе корҳоро иҷро намояд. Масъалаи кабудизоркунӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, идораи мо дар ин росто дар давоми ин муддат корҳои назаррасеро ба сомон расонд. Аз ҷумла, раёсат соле дар ду гармхона гулҳои гуногун парвариш мекунад ва ҳар сол дар кӯчаҳои дохили шаҳр на камтар аз 3500 бех гулҳои ҳархела шинонидаю парвариш мешаванд. Ва ин корҳо барои мо мавсимӣ нестанд. Мувофиқи нақша бояд мо 2 млн. 990,13 сомонӣ даромад мегирифтем, ки 3 млн. 005 ҳазору 064 сомонӣ даромад гирифтем, ки ин 100,5 фоизро дар бар мегирад. Ин даромад асосан аз ҳисоби худфаъолиятии корхона 860 ҳазору 408 сомониро ташкил дод. Дар кӯчаҳои шаҳр ба миқдори 1200 бех дарахт, аз он ҷумла 1200 бех дарахти сояафкан шинонида шуд, ки ин назар ба соли гузашта 880 бех зиёд мебошад. Дар заминҳои роҳрави шаҳр дар масоҳати 28 500 м2 ба миқдори 4000 бех гули садбарг ва 40 бех сириягӣ шинонида шуд. Аз ҳисоби гармхонаи корхона дар гулхонаҳои шаҳр 33560 бех гули мавсимӣ ва 5540 бех питуния шинонида шуд. Барои тайёрӣ ба мавсими нав ба масоҳати 28500м2 замини гулкорӣ аз нав тайёр карда шуд. Ғайр аз ин соли ҷорӣ 30000 бех гули садбарг, 2500 дона гули канн, 500 дона гули гладиолус, 5000 дона картошкагул дар назди хиёбони Рӯдакӣ ва осорхонаи марказӣ шинондем. Соли 2013 аз боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб қариб 50-60 ҳазор дона қаламчаи гули зарина харид намудем. Дар корхона 202 нафар коргар кор мекунад. Музди миёнаи маоши коргарон 420 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






