Абдураҳим Холиқов – раиси ташкилоти “Адл ва инсоф”

Февраль 7, 2014 10:21

Душанбе, 07-02-2014. (АМИТ “Ховар”).- Дирӯз дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз  фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и  Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ)  баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сухунгӯи кумитаи мазкур Афшини Муқим хабар дод.
Ба иттилои манбаъ дар ин ҷаласа, ки бо ҳузури раиси  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва аъзои ҳизб барпо гашт, фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ ва дурнамои фаъолияти он дар соли 2014 муайян шуд.   
Ҳамчунин дар ин ҷаласа аъзои ҳизб Абдураҳим Холиқовро раиси ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф” интихоб намуданд. 
Абдураҳим Холиқов аъзои ҳизбро ба садоқат ба халқу Ватан, Сарвари давлат ва пешбурди ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват кард. 

Февраль 7, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад