Абдураҳим Холиқов – раиси ташкилоти “Адл ва инсоф”
Душанбе, 07-02-2014. (АМИТ “Ховар”).- Дирӯз дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сухунгӯи кумитаи мазкур Афшини Муқим хабар дод.
Ба иттилои манбаъ дар ин ҷаласа, ки бо ҳузури раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва аъзои ҳизб барпо гашт, фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ ва дурнамои фаъолияти он дар соли 2014 муайян шуд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа аъзои ҳизб Абдураҳим Холиқовро раиси ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф” интихоб намуданд.
Абдураҳим Холиқов аъзои ҳизбро ба садоқат ба халқу Ватан, Сарвари давлат ва пешбурди ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






