Афзоиши ҷиноят боиси нигаронист

Февраль 20, 2014 15:00

   Душанбе, 20.02.2014. АМИТ («Ховар», Муқаддас Темурзода).-Танҳо моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1827 ҷиноят содир шудааст, ки ин шумора 20,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 
      Аз шумораи умумӣ 1623 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ ба қайд гирифта, 204 ҷиноятро дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор намуданд. Аз маълумот бармеояд, ки содиршавии ҷиноят дар моҳи январи соли 2014  нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида афзудааст. Аз ҷумла, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 1,9 баробар, вилояти Хатлон 17,9 фоиз, ВМКБ 1,6  баробар, вилояти Суғд 7 ва дар шаҳри Душанбе 6,1% зиёд шудааст.
 

Февраль 20, 2014 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш