Афзоиши боғҳо ва кам гардидани токзорҳо

Февраль 21, 2014 09:58

        Душанбе, 21.02.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 644,3 га боғи нав бунёд шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз зиёд аст. 
Мутобиқи маълумоти Агентии омор аз масоҳати умумии боғҳо 97,4 га мевагии тухмдор, 490,4 га мевагиҳои донакдор, 18,4 га мағздор ва 38,1 га субтропикӣ шинонда шуд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 181,0 га дар заминҳои лалмӣ бунёд шудааст.
Ҳамчунин дар ин давра 66,6 га токзори нав бунёд шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 фоиз кам аст. 

Февраль 21, 2014 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш