Афзоиши корхонаҳо дар Шаҳринав
Шаҳринав, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Шаҳринав сол то сол меафзояд. Аз ҷумла, соли гузашта ҶДММ «Капитал» ба фаъолият оғоз кард. Корхонаи мазкур ба коркарди нафт нигаронида шуда, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ сохта шуд. Навбати аввали он бо иқтидори коркарди солонаи 100 ҳазор тонна нафт ба фаъолият шуруъ намуд.Корхонаи мазкур аллакай дар соли сипаригардида 413 тонна бензин, 1749 тонна сӯзишвории дизелӣ, 2730 тонна мазут истеҳсол кард.Ҳамчунин тибқи созишномаи байнидавлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон кофтукови кони газ ва нафт дар мавзеи Сариқамиши ноҳия мувофиқи лоиҳа ба 6450 метр расонида шуд. Дар айни ҳол барои муайян кардани таркиби газ корҳои ташхисӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






