Афзоиши музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон
Душанбе, 6.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Даромади пулии аҳолӣ дар соли 2013 тибқи баҳодиҳӣ 23,7 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 18 фоиз афзудааст. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ 6 феврал муовини ававли вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев зикр кард.
Ба иттилои номбурда дар ин давра музди меҳнати миёнаи ҳармоҳаи як корманд 708 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2012-ум 27 фоиз афзудааст. Ба ҳисоби реалӣ афзоиши ин нишондиҳанда 21,5 фоизро ташкил дод.
Мавриди ёдоварист, ки соли 2013 сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ ба 3,7 фоиз баробар гардида, он аз ҳисоби болоравии индекси нархҳои маводи озуқаворӣ ба андозаи 3,2 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокӣ 6,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 0,8 фоиз ташаккул ёфтааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






