Афзоиши сармояҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони бонкҳои кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Маркази қарздиҳӣ, Бунёди суғуртаи маблағҳои шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои қарзҳои хурди ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Вазъи низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014» машварат доир намуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси бонк Абдуҷаббор Ширинов зикр намуд, ки соли гузашта афзоиши сармояи умумии ташкилотҳои қарздиҳанда ва ҳаҷми фоида ба назар расида, ҳаҷми ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба бонкҳо зиёд гардид.
Дар давраи гузашта ба масоили низоми бонкӣ, роҳандозии фаъолияти судманди нуқтаҳои мубодилаи асъор, ҳамкории ташкилотҳои қарздиҳанда бо Маркази қарздиҳӣ ва ғайра таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.
Роҳбарони ташкилотҳои қарздиҳанда дар навбати худ ба манзури беҳдошти фаъолияти муассисаҳои бонкӣ фикру пешниҳодоти худро ҷиҳати ҳалли масоили қарздиҳӣ, беҳсозии сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, рушди ҳисоби бенақд, ташкили гурӯҳи корӣ, рушди низоми бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон баён карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






