Афзоиши теъдоди марказҳои касбомӯзӣ дар кишвар
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши касбомӯзӣ ва фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан ҷавонон бо шуғл зимни мулоқоти Сумангул Тағоева-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Саидмаҳдӣ Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ гардид.
Сумангул Тағоева ба сатҳи ҳамкориҳои дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз кумаку дастгириҳои башардӯстонаи ин ниҳоди хайриявии байналмилалӣ ба мардуми ниёзманди кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд. Вазир аз роҳандозии марказҳои омӯзишии муштарак, ки барои касбомӯзии ҷавонони тоҷик саҳми арзанда мегузоранд, ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки дар оянда теъдоди чунин марказҳои омӯзишӣ бояд зиёд шаванд ва дар онҳо таълими касбу ҳунарҳои нав роҳандозӣ гарданд.
Саидмаҳдӣ Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар навбати худ иброз дошт, ки намояндагии кумита ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкориҳо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аст, хусусан дар самти таъсиси марказҳои ҳунаромӯзии муштарак барои ҷавонон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи вазорат.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






