Афзоиши теъдоди марказҳои касбомӯзӣ дар кишвар

Февраль 7, 2014 11:21

 
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши касбомӯзӣ ва фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан ҷавонон  бо шуғл зимни мулоқоти Сумангул Тағоева-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Саидмаҳдӣ Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ гардид.
      Сумангул Тағоева ба сатҳи ҳамкориҳои дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз кумаку дастгириҳои башардӯстонаи ин ниҳоди хайриявии байналмилалӣ ба мардуми ниёзманди кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.  Вазир аз роҳандозии марказҳои омӯзишии муштарак, ки барои касбомӯзии ҷавонони тоҷик саҳми арзанда  мегузоранд,  ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки дар оянда теъдоди чунин  марказҳои омӯзишӣ бояд зиёд  шаванд ва дар онҳо таълими касбу ҳунарҳои  нав роҳандозӣ гарданд.
         Саидмаҳдӣ Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар навбати худ иброз дошт, ки намояндагии  кумита ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкориҳо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аст, хусусан  дар самти таъсиси марказҳои ҳунаромӯзии муштарак  барои ҷавонон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи вазорат.
 

Февраль 7, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад