Агар чанорҳои Қаротоғ забон медоштанд….

Февраль 5, 2014 16:52

Турсунзода, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Соли оянда ба зодрӯзи донишманди камназир, олими пурмаҳсул, шоир, омӯзгор, забошинос ва адабиётшиноси номдор устод Носирҷон Маъсумӣ  100 сол сипарӣ мегардад. Ӯ аз соли 1959 то 1971 директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд. Маҳз дар солҳои роҳбарии ӯ «Фарҳанги забони тоҷикӣ» -китоби муътабари ҳар донишҷӯю донишманд нашр ва луғати русӣ ба тоҷикӣ омодаи чоп шуд.
Айёми тифлӣ, кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии ӯ дар деҳаи Қаратоғ, шаҳри Самарқанд ва Панҷакент бо душвориҳо гузаштааст. Худи ӯ дар хотираҳояш менависад: «Агар чанорҳои чандсадсолае,  ки ҳоло низ дар маркази деҳаи Қаратоғ чун ҳайкалҳо истодаанд, забон медоштанд, ба мардум ҳамаи он даҳшатеро ҳикоят мекарданд, ки аҳолии Қаратоғ он солҳо аз сар гузаронида буд». 
 
 

Февраль 5, 2014 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад