Агар чанорҳои Қаротоғ забон медоштанд….
Турсунзода, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Соли оянда ба зодрӯзи донишманди камназир, олими пурмаҳсул, шоир, омӯзгор, забошинос ва адабиётшиноси номдор устод Носирҷон Маъсумӣ 100 сол сипарӣ мегардад. Ӯ аз соли 1959 то 1971 директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд. Маҳз дар солҳои роҳбарии ӯ «Фарҳанги забони тоҷикӣ» -китоби муътабари ҳар донишҷӯю донишманд нашр ва луғати русӣ ба тоҷикӣ омодаи чоп шуд.
Айёми тифлӣ, кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии ӯ дар деҳаи Қаратоғ, шаҳри Самарқанд ва Панҷакент бо душвориҳо гузаштааст. Худи ӯ дар хотираҳояш менависад: «Агар чанорҳои чандсадсолае, ки ҳоло низ дар маркази деҳаи Қаратоғ чун ҳайкалҳо истодаанд, забон медоштанд, ба мардум ҳамаи он даҳшатеро ҳикоят мекарданд, ки аҳолии Қаратоғ он солҳо аз сар гузаронида буд».








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






