Амалиёти кормандони АНМН дар ноҳияи Панҷакент
Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Шабонарӯзҳои гузашта кормандони шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшони вилояти Суғд дар ноҳияи Панҷакент амалиёти сермарҳилавиро барои дастгир намудани аъзои гурӯҳи ҷинояткор, ки ба паҳн намудани маводи нашъаовар машғул буданд, анҷом доданд.
Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, кормандони агентӣ бо усули «хариди санҷишӣ» аз сокини 45 — солаи маҳаллӣ миқдори муайяни маводи нашъаоварро пайдо ва худи ӯро дастгир намуданд. Ҳангоми тафтишот аз ҷайби номбурда як бастаи маводи нашъаовар пайдо гардид. Шахси дастгиршуда эътироф кард, ки бақияи маводи нашъаовар дар дасти шарикаш — сокини 54 — солаи ноҳияи Панҷакент мебошад.
Дар ҷараёни тафтиши манзили сокини 54 — солаи ноҳияи Панҷакент як халтаи дорои 2 килограмм бангдона пайдо гардид.
Шуъбаи тафтишоти Агентии назорати маводи нашъаовар аз рӯи аломатҳои намуди ҷиноят, ки дар қисми 3 моддаи 200 КҶ ҶТ пешбинӣ шудааст, парвандаи ҷиноӣ кушодааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






