Амалиёти «Пиёдагард» дар роҳҳои ҷумҳурӣ

Февраль 11, 2014 10:03

Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 10 то 20-уми феврал амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад. Раёсати Бозрасии давлатии автомобии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки талаботи қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.Ҳамчунин раёсат тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро даъват менамояд, ки дар ташкили чорабинии мазкур фаъол бошанд.

Февраль 11, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш