Арҷгузорӣ ба поси хотири қурбоншудагон
Душанбе, 17 . 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Бахшида ба 25-солагии хуруҷи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Александр Мироненко маросими поси хотир баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур интернатсионалистони собиқадор, афсарону кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, курсантон, сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ширкат намуданд.
Дар ин рӯзи таърихӣ ба хотири қурбоншудагон ва поси хотираи ҷовидонаи онҳо, ки баҳри сулҳу осоиш ва оромии мардуми аҳли башар ҷоннисорӣ кардаанд, дар назди пайкараи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ А.Мироненко гулчанбар гузошта шуда, дақиқаи хомушӣ эълон гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, барои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






