Артиш-тарғибгари варзиш
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Ба муносибати 21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо байни афсарони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъҳои қӯшун ва муассисаҳои таълимии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа гузаронида мешавад.
Тавре ки сомонаи расмии вазорати мазкур хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур аз рӯи чанд намуди варзиш, аз ҷумла, волейбол, шиноварӣ ва тенниси рӯйи миз ҷараён хоҳад гирифт. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаи варзишӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ- ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати касбии афсарон ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо мебошад.
Мусобиқа аз рӯйи қоидаҳои олимпӣ гузаронида шуда, он таҳти роҳбарии масъулини Клуби марказии варзишии «Артиш» ҷараён мегирад.
Зимни ҷамъбасти мусобиқаи мазкур ғолибони он бо медалу ифтихорномаҳо, Ҷоми мусобиқавӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






