Артиш-тарғибгари варзиш

Февраль 14, 2014 14:30

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Ба муносибати  21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо  байни афсарони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъҳои қӯшун ва муассисаҳои таълимии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа гузаронида мешавад.
Тавре ки сомонаи расмии вазорати мазкур хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур аз рӯи чанд намуди варзиш, аз ҷумла, волейбол, шиноварӣ ва тенниси рӯйи миз ҷараён хоҳад гирифт. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаи варзишӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ- ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати касбии афсарон ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо мебошад. 
Мусобиқа аз рӯйи қоидаҳои олимпӣ гузаронида шуда, он таҳти роҳбарии масъулини Клуби марказии варзишии «Артиш» ҷараён мегирад. 
Зимни ҷамъбасти мусобиқаи мазкур ғолибони он бо медалу ифтихорномаҳо, Ҷоми мусобиқавӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Февраль 14, 2014 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд