Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлат
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 22 феврал дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба муносибати 21- солагии таъсиси Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ки сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар конфронс муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдулфаттоҳ Раҳимов аз роҳи пурмашаққати тайкардаи ин сохтори муҳими давлатӣ нақл намуда, дастовардҳову пояи пуриқтидори имрӯзаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мактаби мардонагиву матонат унвон намуд.
Дар конфронс як зумра устодони пешсаф, донишҷӯёни ятиму маъюб ва камбизоат қадрдонӣ шуданд, аз ҷумла ба 9 нафар устод туҳфаҳои хотиравӣ, ба 27 нафар Ифтихорнома, ба 55 нафар Раҳматнома ва ба 177 нафар донишҷӯписар идрорпулӣ 97 сомонӣ дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






