Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлат

Февраль 24, 2014 14:20

Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 22 феврал дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров  ба муносибати 21- солагии таъсиси Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ки сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ  Маъмури Юсуфзод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар конфронс муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдулфаттоҳ Раҳимов аз роҳи пурмашаққати тайкардаи ин сохтори муҳими давлатӣ нақл намуда, дастовардҳову пояи пуриқтидори имрӯзаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мактаби мардонагиву матонат унвон намуд. 
Дар конфронс як зумра устодони пешсаф, донишҷӯёни ятиму маъюб ва камбизоат қадрдонӣ шуданд,  аз ҷумла  ба 9 нафар устод туҳфаҳои хотиравӣ, ба 27 нафар Ифтихорнома, ба 55 нафар Раҳматнома ва ба 177 нафар донишҷӯписар идрорпулӣ 97 сомонӣ  дода шуд.
 
 
 

Февраль 24, 2014 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд