Арзиши хизматрасонӣ дар ММТ муайян шуд
Душанбе, 26.02.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Арзиши хизматрасонии имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ 150 сомонӣ муайян карда шуд. Ёдрас мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сабти номи довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар ВМКБ 1 нуқта таъсис додааст. Бинои ба иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи марказ ахиран арзиши хизматрасонии ИМД ба маблағи 150 сомонӣ муайян шуд. Инчунин рӯйхат ва нишонии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муайян ва тасдиқ гардиданд. Бояд таъкид намуд, ки зимни бақайдгирӣ иштироки довталаб ҳатмӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






