Б. Азизов: «Эҳсоси ватандӯстиро аз хурдӣ бояд бедор кард»

Февраль 20, 2014 10:59

Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти қудратӣ ба масоили вобаста ба тарбияи кадрҳои миллии афсарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва даъвати босифати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои Артиши миллӣ комилан аз миён бурда шаванд. Сарвари давлат  таъкид кард, ки барои ҳалли ин мушкил бояд тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон аз муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ шурӯъ шуда, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. 
Дар робита бо ин масъалаҳо ва таҷлили Рӯзи артиши миллӣ сӯҳбате доштем бо сардори Раёсати тайёркунии мутахассисони Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Бозоралӣ Азизов. 
 
— Ба фикри Шумо кадом тадбирҳо метавонанд омили бо хоҳиши худ ба хизмат ҳозир гардидани даъватшавандагон гарданд ва имрӯз бо кадом роҳ даъвати ғайриқонуниро ба сафи Артиши миллӣ метавон комилан аз миён бурд?  
-Барои ин фикр мекунам,  бояд корҳои тарғиботӣ байни ҷавонон бештар гарданд. Бо ҷавонони синни даъватӣ ва хатмкунандагони мактабҳо  сӯҳбатҳо гузаронем,  аз аҳволу зиндагии сарбозон аз тариқи телевизион бештар барномаҳо намоиш диҳем ва сарбозон бобати бурду бохти хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бояд худ сухан кунанд. Вале мо ин ҷо бояд онро низ ёдовар шавем, ки хизмати ҳарбӣ ихтиёрӣ мебошад. Ҷавонони мо бояд худ ихтиёран дар сафҳои артиш хизмат намоянд. Як омиле, ки метавонад ҷавононро ба хизмат кардан водор созад, ин кумаки молиявӣ мебошад. Фикр мекунам, давлату ҳукумати мо агар имкони ба сарбозон маош таъйин карданро медошт, хеле хуб мешуд ва ҷавонон аз хизмат саркашӣ намекарданд. Масалан, як дӯстам ба  Қазоқистон сафар карда буд ва вай мегӯяд, ки дар он ҷо ба сарбозон барои адои хизмати ҳарбӣ маош медиҳанд ва онҳо барои хизмат кардан талош мекунанд. Имрӯз ҷавонони мо барои гурехтан аз хизмат, агар роҳу усулҳои гуногун ҷӯянд, дар он ҷо баръакс барои хизмат кардан кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.  Фикр мекунам, бо ин роҳ ҳам мо метавонем ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб созем. 
-23 феврал барои бархе аз одамон рӯзи муқаррарист. Оё барои Шумо  ин рӯз ягон аҳамият дорад?
— 23 феврал фикр мекунам барои ҳамаи  шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд аҳамияти хосса дошта бошад.  То соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон мо дар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ адои хизмат мекардем, имрӯз, хушбахтона, мо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худро дорем ва ҷавонони мо имкон доранд дар ватани худ хизмат намоянд, ки ин албатта, бурди мо, тоҷикон мебошад. Мо бояд аз ин фахр кунем ва ман ин рӯзро чун рӯзи ид ҷашн мегирам. 
-Кумитаи мададгори мудофиа вобаста ба таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ имсол чӣ корҳоро анҷом дод ва то рӯзи 23 феврал боз кадом чорабиниҳо дар назаранд? 
-Имсол мо вобаста ба ин рӯз бисёр корҳоро аллакай анҷом додем. Дар айни замон  дар майдони тирандозии мо мусобиқаи тирандозӣ байни ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ гузашта истодааст. Ин мусобиқа аз 7 феврал оғоз ёфта, то 22 феврал идома меёбад. Дар ин мусобиқа на танҳо ҷавонписарон, балки ҷавондухтарони мактабҳои миёнаи пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ қувваозмоӣ доранд, зеро имрӯз дар мақомоти қудратии мо занҳо низ хеле фаъол мебошанд. Мусобиқа рӯзи 22 феврал ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳо мукофонида мешаванд. Мо инчунин бахшида ба ин рӯз ба вилояту ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар карда, вобаста ба аҳамияти артиш бо ҷавонон суҳбатҳо гузарондем, ба наздикӣ бо собиқадорон ва оилаҳои онҳо вомехӯрем ва рӯзи 23 феврал дар кумита барои ҷавонон ва собиқадорон барномаи консертӣ намоиш хоҳем дод. 
— Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, васеъ ба роҳ мондани масъалаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва корҳои тарғиботию пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиро таъкид намуд. Ба фикри Шумо дар ин роҳ  чӣ корҳоро бояд анҷом дод.  
-Аслан тарбия аз оила сарчашма мегирад. Баъдан тарбияро дар мактабҳо  низ бояд хуб ба роҳ монд. Бисёр ҷавононе, ки пас аз хатми мактаб мо ба ҳайси курсант қабул мекунем, на тарбияи хуб доранду на дониши кофии ҷавобгӯи талаботи имрӯза. Падару модарон бояд фарзандонашонро маҷбур созанд, то ба ягон навъи варзиш машғул шавад.  Танҳо варзиш метавонад ҷавононро аз даст задан ба корҳои ғайриқонунӣ дур созад. Инчунин Президенти мамлакат борҳо таъкид сохта буд, ки ҳар як ҷавон имрӯз бояд то ду забони хориҷиро донад. Ҷавонон имрӯз имкон доранд дар курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ таҳсил намоянд. Ба фикри ман агар онҳо ба варзишу омӯзиш машғул шаванд, он гоҳ онҳо барои ҷинояткорию қонуншиканӣ вақт ҳам намеёбанд. 
-Кумитаи Шумо барои тарбияи ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ чӣ корҳоро пеш  мебарад?
Кумитаи мо барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи онҳо корҳои зиёдеро пеш мебарад. Аз ҷумла, мо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷавонони синни даъватӣ вохӯриву суҳбатҳо мегузаронем, онҳоро барои хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ тайёр мекунем. Мо инчунин бо ҳамаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҳамкории зич дорем. Ҳамаи хонандагони синфҳои болоиро ба варзиш ҷалб мекунем. Дар кумитаи мо маҳфилҳои варзишӣ фаъолият мекунанд, ки дар он ҷавонон ба варзиши картингронӣ, гӯштини дзюдо, карате кёкушинкай, мотосиклронӣ,  тирандозӣ ва ғайра машғул мешаванд ва ин тайёрии ҷисмонии хуб барои дар оянда хизмат кардан дар Қувваҳои масаллаҳ мебошад.  Ва бояд таъкид созам, ки ҳамаи ин маҳфилҳои мо барои ҷавонон ройгон мебошанд.
-Таманиёти Шумо ба ҳомиёни ватан. 
— Таманиёти ман ба афсарону сарбозон ин аст, ки онҳо доим тансиҳат бошанд ва софдилона хизмати Модар-Ватанро пеш баранд.  
-Ташаккури зиёд барои суҳбат ва аз фурсат истифода бурда,  Шуморо низ бо ин рӯз табрик менамоям. 
 
 
 
Мусоҳиб Лайло Тоирӣ
 

Февраль 20, 2014 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад