Бақияи пасандозҳо 19,9 фоиз афзуд

Февраль 26, 2014 09:29

  Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Афзоиши бомароми пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат аз баланд шудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Тавре ки аз нишондиҳандаҳои охир бармеояд, бақияи пасандозҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,9 фоиз зиёд шуда, 5 миллиону 639, 7 сомониро ташкил дод. 
      Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, таҳлили моҳи январ нишон дод, ки таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо аз 34,5 фоиз (1 миллион 945,2  сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,5 фоиз (3 миллиону 694,5 сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошад. Дар ин давра пасандозҳои шахсони воқеӣ назар ба ин санаи соли гузашта 23,8 фоиз афзуданд. 
      Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар моҳи январи соли равон бо пули миллӣ 15,92 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,06 фоизи солонаро ташкил намуд. 

Февраль 26, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш