Ба даст овардани 10 медали тилло дар Эрон
Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).- Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба карате ню-фул контакт ва кикбоксинг баргузор гардид, ки дар он намояндагони 12 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Афғонистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Эрон, Русия, Ироқ, Туркия ширкат намуданд. Варзишгарон дар вазнҳои мухталиф аз рӯи сол баромад карданд.
Ҳайати тими Тоҷикистонро 30 нафар, аз ҷумла 3 бонуварзишгар, довар, мураббӣ ва боқӣ варзишгарони наврасу ҷавон ташкил менамуд. Ҳунару истеъдоди варзишгарони тоҷик ба куллӣ аз рақибон тафовут дошт ва дастпарварони карате ню-фул контакти Тоҷикистон 10 медали тилло ба даст оварданд. Дар гурӯҳҳои худ ҳар яке бар 2 ва 3 рақиб ғолиб омаданд.
Барандагони медалҳои тилло аз Точикистон дар байни наврасон- Абдуллои Мирзо дар вазни 20 кг, Сафархони Юсуф (23 кг), Эмомназар Нуров (+26 кг), Рустам Нуров, Манучеҳри Назривалӣ, Меҳрубони Маҳмадалӣ буданд. Дар ҳайати даставӣ тими Тоҷикистон баъди Эрон ҷойи дуюмро касб кард.
Ҳафтаи нав гурӯҳи дигари варзишгарони тоҷик бо роҳбарии Аҳтам Хокиров ба шаҳри Теҳрон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаҳои омехта сафарбар мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






