«Барқи Тоҷик» кай таҷдид мешавад?
Душанбе, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мувофиқи барномаи давлатӣ ШСХК «Барқи Тоҷик» то соли 2018 таҷдид (реструктуризация) шуда, ба се шоха тақсим мешавад. Дар ин бора 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбонов иттилоъ дод.
Вай афзуд, ки аз ҷумла ширкатҳои барқистеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва фурӯш ташкил хоҳанд шуд.
«Бо назардошти бад будани ҳолати молиявии «Барқи Тоҷик» Вазорати молия бо кафолати Ҳукумати мамлакат соли 2013 ба ин ширкат 289 миллион доллари ИМА қарз дод, ки он аслан барои кам кардани талафоти нерӯи барқ равона шудааст», — таззакур дод вазири молия.
А. Қурбонов иттилоъ дод, ки дар маҷлиси васеи ҷамъбастии Ҳукумат Сарвари давлат супориш дод, ки корҳои таҷдиди «Барқи Тоҷик» тезонида шаванд. Барои беҳтар кардани ҳолати молиявии ширкат бо роҳбарии Сарвазири мамлакат ба наздикӣ Шӯрои нозирон ташкил хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






