Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Президенти Алҷазоир
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар»). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Бародари гиромӣ,Бо камоли ҳузну андӯҳ хабари садамаи ҳавопаймои боркашони ҳарбиро, ки бар асари он мусофирони зиёди тайёра ҳалок гаштаанд, дарёфт намудам.Таъзия ва тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, халқи бародари Алҷазоир ва оилаҳои қурбоншудагон иброз намуда, дуо мекунам, ки Худованд кишвари Шуморо аз ҳар гуна офатҳо эмин нигоҳ дорад.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






