Барӯйхатгирии кишоварзӣ идома дорад
Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми барӯйхатгирии кишоварзиро ба анҷом расонид. Барӯйхатгирӣ зиёда аз 1 миллиону 62 ҳазор хонаводаро фаро гирифт.
Барӯйхатгирӣ аз 15 сентябр то 15 октябр дар минтақаҳои душворгузар ва аз 15 ноябр то 15 декабр дар дигар минтақаҳо гузаронида шуд. Дар барӯйхатгирӣ 121 мудири шуъба, 470 дастурдиҳанда-назоратчӣ ва 2613 ҳисобчӣ иштирок намуд.
Дар айни ҳол, тайёрӣ барои коркарди маводи барӯйхатгирӣ идома дорад. Барои рамзгузории саволномаҳо агентӣ 18 нафар рамзгузорро ҷалб намуда, дар айни замон дастурдиҳии омӯзишӣ оид ба дуруст рамзгузорӣ бо истифодаи таснифоти минтақаҳо, тафтиши дуруст ва ҷо ба ҷогузории мавод ва тафтиши интихобӣ ҷараён дорад. Агентӣ барои коркарди маводи барӯйхатгирӣ мутахассисонро низ ҷалб мекунад. Барои ин зиёда аз 100 нафар корманди муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






