Баргузории иҷлосияи навбатии ММ МО ҶТ
Душанбе, 15.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи даъвати иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Мутобиқи он иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум 27 феврали соли 2014 соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.
Шӯрои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳою масоили ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






