Баргузории ярмаркаи ниҳолҳо дар пойтахт
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 22-23 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар назди майдони марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер» ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо ва тухми зироатҳо доир гардид. Дар ярмарка хоҷагиҳои ниҳолпарвари ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон, хоҷагии ниҳолпарвари Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Ниҳолпарвар», хоҷагиҳои ниҳолпарвари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони инфиродӣ иштирок намуда, беҳтарин намуди ниҳол ва намудҳои гуногуни тухми зироатҳоро пешниҳоди харидорон намуданд.Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон зикр намуд, ки бо дастури Президенти мамлакат минбаъд дар маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ пайваста чунин ярмарка-фурӯши ниҳолҳо баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории чунин ярмаркаҳо пеш аз ҳама таъмини минтақаҳои кабудизоршаванда бо ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда ва сояафкан буда, ин барои дастгирии хоҷагиҳои ниҳолпарвар муфид арзёбӣ мегардад.Тавре ки сардори бахши иттилооти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур иттилоъ дод, дар чорабинӣ 1 млн. 81 ҳазор бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухми зироатҳо пешниҳоди харидорон гардид, ки аз ин 800 ҳазораш ниҳоли мевадиҳанда буда, 281 ҳазораш ниҳоли ороишию сояафкан ва гулу бутта буд.Дар поёни чорбинӣ ба хоҷагиҳои фаъоли ниҳолпарвар аз тарафи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






