Баррасии ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии Русия
Душанбе, 26.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо директори генералии ҶСП «Корхонаи байнисоҳавии нақлиёти саноатии «Промтранс» О. Рагозина, директори ҶСК «ТСК Интерси» А. Корчмарик ва сарвари ширкати нақлиётии Урал «Желдорэкспедиция» Н. Аверянова мулоқот кард. Зимни дидор ҷонибҳо оғози татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба фаъолгардонии ҳамкориҳои судманд миёни ду кишварро баррасӣ карданд, ки он ҳанӯз моҳи январи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, ҳадаф аз мулоқот шиносоии ширкатҳои русӣ бо вазъи бозори Тоҷикистон, муаррифии фаъолияти ширкатҳо ва омўзиши иқтидори Тоҷикистон буда, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ, саноати мошинсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба паҳлуҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии ҳарду тарафро барои ҳамкориҳои дуҷониба судманд арзёбӣ карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






