Баррасии ҳамкориҳо миёни Р. Назаров ва А. Сичёв

Февраль 13, 2014 10:04

 
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 11 феврали соли 2014 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Александр Сичёв — намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Директори агентӣ Р. Назаров нисбат ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва боло рафтани мусодираи ҳашиш дар қаламрави Тоҷикистон, хусусан дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сухан гуфта, ба Раёсати Созмони Милали Муттаҳид барои расонидани кӯмаки амалӣ дар масъалаи омӯзиши мутахассисони сагпарвар, такмил додани омодагии касбии кормандони фаврии агентӣ минатдорӣ баён намуд.
Тарафҳо инчунин масъалаҳои фаъолияти Маркази минтақавии иттилотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо (ЦАРИКЦ), инчунин ҳамкории Марказро бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ муҳокима намуданд.
Александр Сичёв зикр намуд, ки ин чорабинии муҳим ҳамкории кишварҳоро ба сатҳи боз ҳам баланди сифатнок хоҳад бардошт. “Хурсандиовар аст, ки ин мулоқоти аввалинро тарафи Тоҷикистон бо ташаббуси худ гузаронид”, — гуфт А.Сичёв.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ иттилоъ доданд, инчунин муаррифии “Шарҳи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013”, ки гузаронидани он 17 марти соли ҷорӣ дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардид.
 
 
 
 
 

Февраль 13, 2014 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад