Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон
Душанбе, 27.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов мулоқот кард.
Дар мулоқот асосан масоили рушди ҳамкориҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки новобаста ба он, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар асоси санадҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ хуб ба роҳ монда шудаанд, вале ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ дар соли 2013 ба нишониҳандаи зарурӣ нарасидааст. Дар айни замон муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷонро беш аз 32 санади дуҷониба танзим намуда, барои беҳбуди робитаҳои дуҷониба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ фаъолият мебарад.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе ва ҷоннок намудани кори он,ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти саноатии Озарбойҷон дар доираи баргузории ин чорабинӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, коркарди нафту газ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, туризм, ташкили хатсайри ҳавоии байнидавлатӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу фарҳанг табодули афкор намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






