Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар соҳаи саноат
Душанбе, 5.02.14 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дирӯз вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Никитюк Виктор Олегович масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба саноати хўроквориро баррасӣ намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи саноати маъдани куҳӣ, коркарди ашёи хоми чорво-пўст, коркарди истеҳсоли пилларо мавриди баррассӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар мулоқот инчунин ба паҳлуҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди омўзиши тарафҳо қарор хоҳанд гирифт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






