Баррасии арзу шикояти мусофирон

Февраль 4, 2014 11:58

Душанбе, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- Фурудгоҳи байналмилалии  шаҳри  Душанбе  дар соли  2013 – ум  636 ҳазору 767  нафар  мусофиронро  ба  маконашон  расонида,  592  ҳазору  102  нафари  онҳоро  қабул  кард. Як  худи  соли  2013 — ум 965  арзу  шикояти  мусофирон  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифта  ва ба таври  каноатбахш  ҳал  шуданд, —  гуфт  дар   нишасти  матбуотӣ  аз  рӯи  натиҷаи  фаъолият дар  соли  2013  директори  генералии  Ҷамъияти  саҳҳомии шакли  кушодаи  «Фурудгоҳи  байналмилалии  Душанбе»  Рустам  Холиқов.
 
Рустам  Холиқов  ба  масъалаи  мавқуф  гузоштани  парвози  ҳавопаймоҳо   дахл  карда,   зикр  намуд, ки  системаи  аз  фурудгоҳҳо   фиристодани  ҳавопаймоҳо  аз  бисёр  ҷиҳат  вобаста ба  шароити  обу  ҳаво,  тағйири  вақти  парвози  ҳавопаймоҳо,  иваз  кардани   намуди  ҳавопаймо,  тафтиши   бағоҷи  мусофирон  ва  ғайра  мебошад.  Сабабҳои  асосии  сари  вақт  парвоз  накардани  ҳавопаймоҳо  аз  фурудгоҳи парвоз  дер  омадани онҳо,   шароити  номусоиди   обу  ҳаво  ва  корношоямии   техникаи  ҳавопаймоӣ,  тағйири   вақти  парвози  ҳавопаймоҳо бо  супориши   роҳбарияти   ба  шумор  меравад. 

Февраль 4, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш