Баррасии масъалаи нуқсонҳои имлоӣ
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрўз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Эмин Сангинов ва бо иштироки муаллифони қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ- узви гурўҳи кории қоидаҳои имло, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзоҳасан Султонов ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби қоидаҳои имло Камола Донаева вохўрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои қоидаҳои имлои забон, бахусус дар мавриди риояи муқаррароти навишти ҳарфи «у» бар ивази «ў», пеш аз ҳарфи «ҳ» ва аломати «ъ» омадани дигар ҳарфҳо ва дигар талабот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ шудааст, баррасӣ гардид.
Муаллифони қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба саволҳои зиёди кормандони соҳа посухҳои саҳеҳ дода, зикр карданд, ки дар нашрҳои минбаъдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» заъф ва нуқсҳои ҷойдошта барканор хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






