Баррасии масоили мошинсозӣ дар Тоҷикистон

Февраль 21, 2014 15:13

Душанбе, 21.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи мошинсозӣ дар Тоҷикистон имрўз зимни мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо директори минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Норимаса Шимомура баррасӣ гардид.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар мулоқот роҷеъ ба масоили технологияҳои нав ва хўрокворӣ  ибрози назар шуда, зикр гардид, ки Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон имконияти иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсонӣ дар соҳаи саноат мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба иқдом мегирад.
Ш. Бобозода ба паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ  зоҳир намуда,  омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуд.
 
 

Февраль 21, 2014 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш