Баррасии масоили сафарбарӣ ба ҳаҷ

Февраль 28, 2014 12:58

Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо мақсади сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ҷаласа доир гардид.
  Дар ин ҷаласа ахбори раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов шунида шуд.
   Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои бастани шартномаҳо миёни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» ҷиҳати интиқоли зоирин тавассути тайёра, аз ҳисоби коршиносони ботаҷриба ва забондону сафардида тибқи озмун интихоб намудани роҳбаладон, пардохти маблағи сафари ҳаҷ танҳо дар нуқтаҳои қабули бонкӣ, синни ҳаҷравандагон аз 18 то 80-сола, ҳаҷи такрорӣ баъд аз гузаштани панҷ сол, расонидани кӯмаки аввалияи  тиббӣ ва таъмини ҳоҷиён бо доруворӣ ҳангоми маносики ҳаҷ дар мамлакати Арабистони Саудӣ, омода намудани «Роҳнамои ҳоҷиён», ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои зоирин роҳ надодан ба қонуншиканиҳо ва амалҳои коррупсионӣ, ташкил ва зиёд намудани дарсҳои омӯзишӣ барои ҳаҷравандагон ва дигар масъалаҳои зарурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа намояндагони идораҳои марбута иштирок намуда, ҷиҳати беҳбуди кор фикру дархостҳои худро иброз намуданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки ҳангоми интихоби роҳбаладон дар озмун донистани забони арабӣ ба инобат гирифта шавад. 
Дар фарҷоми ҷаласа М. Ҷабборӣ бо назардошти дархосту пешниҳодҳои иштирокдорон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
 
 
 
 

Февраль 28, 2014 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!