Баррасии танзими раванди муҳоҷират
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 25 феврали соли 2014 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева бо директори минтақавии Ташкилоти байналхалқӣ оид ба муҳоҷират дар Вена Ренаде Ҳелд ва роҳбари миссияи Ташкилоти байналхалқӣ оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тайма Курт мулоқот намуд.
Дар вохўрӣ тарафҳо масъалаи ҳамкории муштаракро дар самти танзими раванди муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мавриди муҳокима қарор дода, аз натиҷаи корҳои ба анҷомрасида изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Инчунин дар ҷараёни вохўрӣ С. Тағоева таклифу пешниҳодҳои худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират ва муносибатҳои меҳнатӣ баён намуд, ки аз ҷониби ҳайати ташкилоти мазкур дастгирӣ ёфтанд.
Вохўрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






