Баррасии вазъи фазои динӣ дар Хатлон
Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз ҳайати кории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси кумита Абдураҳим Холиқов бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба вилояти Хатлон сафар намуд. Гурӯҳи кории кумита сафари худро аз маркази вилояти Хатлон-шаҳри Қурғонтеппа оғоз карда, бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи он дидору мулоқот намуд. Абдураҳим Холиқов бо таваҷҷуҳ ба аҳли толор таъкид намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ба тасвиб расидааст ва он бояд самаранок татбиқ гардад. Абдураҳим Холиқов дар ин дидор бо имомхатибон, имомон ва аҳли ҷомеаи шаҳри Қурғонтеппа роҷеъ ба вазъи фазои динӣ дар кишвар табодули назар намуд.
Ҳамчунин 18-уми феврал гуруҳи кории кумита ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон омада, бо беш аз 300 нафар ходими дин, аҳли ҷомеа ва фаъолони он мулоқот намуд. Сафари гуруҳи корӣ дар вилояти Хатлон то 20-уми феврал идома меёбад.
Қобили зикр аст, ки дар ин сафар гурӯҳи кории кумитаро намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






