Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо
Душанбе, 13.02.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Палатаи поёнии Парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуд.
Қосим Роҳбар -вазири кишоварзии кишвар, ки масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ дод, дар робита ба ин масъала гуфт, ки ҳадафи такмил додани лоиҳаи ин қонун беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, зиёд кардани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, маҳсулоти чорво, самаранок ва оқилона истифода бурдани замин ва дигар захираҳои мавҷуда мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






