Безараргардонии роҳбари гурӯҳи фаромиллӣ
Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То ҳанӯз доираҳои ҷинояткори хориҷӣ бо мақсади ноил шудан ба даромади муфт аз ниятҳои нопоки худ рӯй натофта, ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти ҷиноятии худ ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла қочоқ ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ даст мезананд.
Тавре ки аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ ) ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ муайян шудааст, ки як гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ният дорад сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, миқдори калони маводи мухаддирро ба қаламрави ҷумҳурии мо интиқол диҳад. Муайян гардид, ки ба ин гурӯҳ шаҳрванди Афғонистон ҳоҷӣ Муҳибулло валади Арбобмуҳаммад ва дигар алоқаҳои ҷиноятии ӯ шомил мебошанд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани далели қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби қочоқчиёни афғон гурӯҳи фаврӣ аз ҳисоби кормандони КДАМ ҶТ созмон дода шуд. Санаи 26-уми январи соли 2014, тахминан соатҳои 08:20 дақиқаи субҳ дар хати сарҳади давлатӣ ҳаракати қочоқбарони афғон, ки ба самти сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида буданд, ба мушоҳида расид. Ҳангоми наздик шудан ба сарҳад қочоқбарон талаби гурӯҳи фавриро оид ба таслим шудан рад намуда, ба тарафи онҳо тир кушоданд. Марзбонон бо такя ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал карда, як нафар қочоқбари афғон ҳоҷӣ Муҳибулло валади Арбобмуҳаммадро безарар гардониданд. Ҳаммаслаки ҷиноии ӯ шаҳрванди Афғонистон Исмоил валади Лолмуҳаммад борхалтаҳои дар дасташ бударо партофта, аз макони задухӯрд ба тарафи Афғонистон фирор намуд.
Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 3 адад борхалта бо маводи сабзчатоби бӯйи махсусдошта дарёфт ва мусодира гардид, ки вазни он 53 кг-ро ташкил дод. Баъди ташхис маълум шуд, ки он маводи нашъадори навъи бангдона будааст.
Нисбат ба ин далел бо моддаҳои 335 қ.2, 289 қ.2, 200 қ.4 банди «д», 195 қ.2 банди «д» Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






