Боғи навбунёди Наврӯзгоҳ макони сайри наврӯзӣ

Февраль 25, 2014 09:48

       Душанбе, 25.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ дар маросими ботантана ифтитоҳ мегардад, ки он барои сокинон ва меҳмонони пойтахт аз сӯи шаҳрдорӣ ҳадяи наврӯзист. Боғи мазкур дар масоҳати 12 гектар доман густурда, дар он ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии нодир шинонида шудаанд. Инчунин боғи навбунёди Наврӯзгоҳ дорои фаввораҳои муҳташам буда, аз саргаҳи боғ шаршара ҷорист, ки он боғро шодоб мегардонад. Боғи мазкур аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе бунёд  шудааст. 
     Шавкат Саидов- сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамзамон дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуда, инчунин санги асоси бархе аз биноҳои манзилию маишӣ гузошта мешавад. Ба истифода додани иншооти мухталиф дар остонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чӣ дар пойтахт ва чӣ дар миқёси кишвар ба ҳукми анъана даромадааст ва он бозгӯкунандаи  раванди созандагию бунёдкорӣ дар кишварамон мебошад. 

Февраль 25, 2014 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад