Бонки марказии Русия иҷозатномаи «Евротраст»-ро бозхонд кард
Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи Фармони Бонки марказии Русия аз 11 феврали соли 2014, иҷозатномаи Ташкилоти қарзии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Европейский трастовый банк”-и шаҳри Маскав (ТҚ ҶСП “ЕВРОТРАСТ”), ки барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба вай дода шуда буд, бозхонд карда шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар кутоҳтарин фурсат барои вуқуъ омадани ин кор ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хабардор намуд ва онҳоро муваззаф кард, ки ҷиҳати пешгирии интиқоли минбаъдаи маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути ТҚ ҶСП “ЕВРОТРАСТ”-и шаҳри Маскав тадбирҳои заруриро андешанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






