Бозомӯзии имомхатибон дар бобати ақида дар мазҳаби ҳанафӣ
Душанбе, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Маркази исломии Тоҷикистон (МИТ) бо иштироки раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, раиси МИТ Саидмукаррам Абдулқодирзода ва имомхатибони шаҳри Душанбе курси бозомӯзии имомхатибон дар бобати ақида дар мазҳаби ҳанафӣ оғоз гардид. Ба иттилои сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Афшини Муқим, раиси кумита Абдураҳим Холиқов аз паҳн гардидани ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуби диниву мазҳабӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, зарурати ташкили курси бозомӯзии имомхатибонро барои анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷомеа зарур арзёбӣ кард. Абдураҳим Холиқов таъкид намуд, ки ғояҳои мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли мардуми тоҷик пайрави онанд, имрӯз бо қонунгузориҳои давлати дунявӣ, аз ҷумла бо қонунгузориҳои Тоҷикистон ҳамоҳанг мебошанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар суханронии худ иттилоъ дод, ки курси бозомӯзӣ тақрибан ду моҳ тӯл кашида, дарсҳо ҳафтае ду маротиба муқаррар гардидаанд.
Ба қавли номбурда дар ин муддат як қатор мавзуот, аз ҷумла мавзуоти баҳсии шариат, ки боиси ихтилофот миёни мазҳабҳост, мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Ба имомхатибон дар мавзӯи ақида раиси МИТ Саидмукаррам Абдулқодирзода ва дигар устодони барҷастаи соҳа дарс мегӯянд. Дар охир имомхатибон барои босамар сипарӣ гардидани ин марҳилаи бозомӯзӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






