Чаро хатсайрҳо тағйир диданд?
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Субҳи имрўз мавзеи фурудгоҳи Душанберо тумани ғафс пўшонид ва аз ин хотир дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид гардид.
Ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Урумчи-Душанбе, Дубай-Душанбе, Истанбул-Душанбе, ки то ин соат бояд дар Душанбе фуруд меомаданд, ҳанўз аз фурудгоҳҳои кишварҳои худ парвоз накардаанд.
Ҳамзамон беҳтар шудани вазъи ҳаворо дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав (Внуково), Душанбе- Маскав (Домодедово), Душанбе- Иркутск дар фурудгоҳи Душанбе интизоранд.
Ҳавопаймои хатсайри 628 Маскав-Душанбе бинобар вазъи ҳавои Душанбе алъон дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омад.
Хати нишасту парвоз, роҳравҳои зимомӣ ва таваққуфгоҳҳо барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омодаанд. Техникаи зарурӣ ва дигар механизмҳо мерасанд ва омодаи коранд. Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шуруъ хоҳад шуд. Соати кушодашавии ҳаво ҳанўз маълум нашудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






