Чаро хонандагони мактабҳо муноқиша мекунанд?
Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Дар натиҷаи муноқишаи ду гурӯҳи хонандагони мактаби миёнаи пойтахт , ки дирӯз ба вуқӯъ пайваст, якчанд нафар ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 17 феврал, тахминан соати 18:20-дақиқа дар кӯчаи Маяковскии пойтахт ду гурӯҳи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 59 ва 32 аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро лату кӯб кардаанд.
Дар натиҷаи ин бетартибиҳо аз ҳар ду гурӯҳ чанд нафар ҷароҳати гуногун бардоштаанд, аз ҷумла, ноболиғ Ҷовидон Одинаев, соли таваллудаш 1996 аз қисми шикамаш захми халандаю буранда бардоштааст.
Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ноболиғон Иқболшои Ҳақназар, Убайдулло Мунавваров, Аҳлиддин Сангинов, Алиҷон Муъминов, соли таваллудашон 1997, Амриддин Камолов ва Сайёд Шоназаров, соли таваллудашон 1996, сокинони шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар амали авбошӣ дастгир намуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






